Раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ  аз тариқи Шабакаи иттилоотии электронӣ дода мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тариқи шабакаи иттиллоотии https://www.visa.gov.tj/index.html муроҷиат кунанд.

Ҳамзамон, шаҳрандони хорҷии кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо усули соддакардашудаи судури раводидро раво дидааст (рӯйхат инҷост), метавонанд аз тариқи шабакаи https://www.evisa.tj/index.evisa.html  бе муроҷиати мустақим ба намояндагиҳои дипломатӣ ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электронии худро дастрас кунанд.