Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №165 аз 23 январи соли 1995 тасдиқ шудааст)

 

  1. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Сафорат) мақоми давлатии робитаҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баландтарин намояндагии дипломатии он дар кишвари иқомат мебошад. Сафорат дар фаъолияти худ муқаррароти Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961, Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ аз соли 1963, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва Низомномаи мазкурро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.
  2. Вазифаҳои асосии Сафорат:

– намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат;

– дар кишвари иқомат ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои он, намояндагони он, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи муайян намудаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

– гузаронидани гуфтушунид ва таъмини тамосҳои расмӣ бо мақомоти давлатии кишвари иқомат;

– бо истифода аз ҳамагуна воситаҳои қонунӣ омӯзиши вазъи сиёсии дохилӣ, фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва дигар мақомоти ҳокимият, равандҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ дар кишвари иқомат, сиёсати хориҷии он, хабардорсозии Президент, Ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи онҳо;

– мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари иқомат дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, илм ва дигар ҷанбаҳо;

– иҷрои корҳо консулӣ, ки тибқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;

– фаҳмондадиҳии моҳият ва мақсадҳои сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат;

– назорати иҷроиши шартнома ва созишномаҳое, ки дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари иқомат шомил мебошанд, аз ҷумла шартномаҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ;

Сарпарастии алоқа ва тамосҳо бо ҳамватанноне, ки дар кишвари иқомат зиндагӣ мекунанд.

  1. Сафорат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тавофуқоти бо кишвари иқомат бадастомада ташкил карда мешавад (фаъолияти худро қатъ мегардонад).

Шумораи кормандони Сафорат ва рӯйхати штати онро Вазорати корҳои хориҷӣ бо назардошти маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети он ҷудошуда ва дар асоси тавофуқот бо кишвари иқомат муайян месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ маблағҳои зарурии молиявиро (маблағгузории буҷавӣ) бо асъори озод мубодилашаванда барои нигаҳдории сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони онҳо дар хориҷа ҷудо мекунад.

4. Сафоратро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Сафир) роҳбарӣ мекунад. Сафир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президиуми Маҷлиси Олӣ таъйин мегардад. Сафир ба вазифа аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ баъди ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Сафир намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар назди раҳбари кишвари иқомат аккредитатсия шудааст ва дар ин симат дар чаҳорчӯби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои фаъолияти Сафорат роҳбарӣ мекунад. Сафир роҳбарии сиёсии фаъолияти консулгариҳои генералӣ ва консулгариҳо, ноиб-консулгариҳо ва агентиҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқоматро ба ӯҳда дорад.

Дар вақти набудани Сафир дар кишвари иқомат вазифаҳои ӯро Кордори Муваққати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки аз ҷониби Сафир аз байни кормандони дипломатии аршади Сафорат таъйин мегардад, иҷро мекунад.

Дар муддати набудани Сафир, Кордори Муваққати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ таъйин ё иваз карда мешавад.

Роҳбарони дигар намояндагиҳои расмӣ ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, шахсони мансабдори онҳо муваззафанд, то супоришҳои Сафирро иҷро намоянд, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои ба ӯ додашуда ҳамагуна кумак ва дастгириро расонанд.

Сафир ҳақ дорад, ки бо қарори худ амалҳоеро манъ ё боздорад, ки аз ҷониби дигар намояндагони расмӣ ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат сурат гирифтаанд, агар ин амалҳо, аз диди вай, ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо кишвари иқомат ҷавобгӯ намебошанд ё метавонанд ба ин муносибатҳо мустақиман ё ғайри мустақиман зиён оваранд. Ихтилофҳо дар ин ҳолатҳо, агар ҳалли худро дар ҷояшон наёбанд, аз ҷониби Сафир барои қарори ниҳоӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ё аз тариқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд.

  1. Сафорат зертобеи Вазорати корҳои хориҷӣ буда, ба он ҳисобот медиҳад. Супоришҳо ба Сафорат аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ расонида мешаванд.

Дар бораи фаъолияти худ роҷеъ ба иҷрои супориш ва дархости дигар мақомоти расмӣ ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорат Вазоратро дар ҷараён гузошта ё аз он раҳнамоӣ пурсон мешавад.

Сафорат ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи намояндагиҳои расмӣ ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқоматро роҳандозӣ мекунад.

Сафорат метавонад аз намояндагиҳои расмӣ ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат хабардорсозии мунтазам ва пурраро ҳамроҳ бо ҳамоҳангсозии фаъолияте, ки ба ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар рабт доранд, талаб кунад.

Сафорат ба ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат фиристода шудаанд, дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат мекунад. Баъди анҷоми кори ҳайатҳо, дар ҳолати зарурӣ, Сафорати дид ва хулосаҳои худро ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва идории Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.

Сафорати муносибатҳои худро бо намояндагони васоити ахбори оммаи худӣ дар кишвари иқомат дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Ба вазифаҳои Сафорат ҳимояи ҳуқуқӣ ва нигоҳубини моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, назорат аз болои истифодаи бамавриди онҳо, роҳ надодан ба бесоҳибӣ ва харҷу мараҷи беҳуда шомиланд.

Сафорат бо кумаки мақомоти кишвари иқомат ҳифзи биноҳои хизматӣ ва иқоматиро ташкил мекунад, бехатарии кормандон ва аъзои оилаҳои онҳоро таъмин мекунад, дар ин мавзӯъ ба дигар намояндагиҳо ва сохторҳои Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар он кишвар мусоидат менамояд.

Дар ҳолати фавқулодда ё хатари сарзадани он дар кишвари иқомат ва кишварҳои ҳамсоя Сафорат, дар асоси дастурамалҳои меъёрии ва супоришҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамоҳангии ҳамаи амалҳоро ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат то тахлияи таъҷилии онҳо ба ҷойҳои амн ба роҳ мемонад.

  1. Аз рӯи вазифаҳои хизматӣ кормандони Сафорат ба дипломатӣ, маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ тақсим мешаванд.

Ҳамаи кормандони Сафорат, ба истиснои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаҳои худ бо фармони Вазири корҳои хориҷӣ таъйин ва сабукдуш мегарданд.

Ба кормандони дипломатӣ шахсоне шомил мебошанд, ки дар Сафорат вазифаҳои мушовири фиристода, мушовир, котибҳои як, ду ва се, инчунин вазифаҳои ба онҳо баробар кардашудаи консули генералӣ, консул ва ноиби консул, намоянда ё мушовири тиҷоратӣ, муовинони онҳоро иҷро мекунанд.

Кормандони маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ инҳо мебошанд:

– шахсоне, ки вазифаи онҳо идораи хадамоти маъмурӣ ва техникии Сафорат мебошанд;

Мутахассисионе, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ фиристода шудаанд ё шахсоне, ки дар асоси қарордодҳои муваққатӣ аз ҳисоби аъзои хонаводаҳои кормандони Сафорат ва дигар намояндагиҳо ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат мебошанд.

Қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷиҳо, ки ба таври доимӣ дар кишвари иқомат зиндагӣ мекунанд, ба вазифаҳои кормандони хизматрасонии Сафорат иҷозат дода мешавад. Қабули ин гурӯҳ шаҳрвандон бо дасутри махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ба танзим дароварда мешавад. Шахсони мансабдори Сафорат ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар кишвари иқомат аз маснуият ва имтиёзҳои дипломатӣ бархудор мебошанд, ки тибқи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он кишвар муайян гардидаанд.

Мақоми дипломатии корманди Сафорат аз ҷониби кишвари иқомат аз тариқи додани раводиди вуруд ва ҳуҷҷати дипломатӣ (корти дипломатӣ) тасдиқ карда мешавад.

  1. Зерсохторҳои асосии Сафорат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ муайян карда мешаванд.

Дар Сафорат шӯъбаҳои (гурӯҳҳои) зерин метавонанд фаъолият кунанд: сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, консулӣ-иқтисодӣ, консулӣ-ҳуқуқӣ, матбуот ва иттилоот, ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ, референтура ва шӯъбаи коргузорӣ, хадамоти хоҷагидорӣ ва ҳоказо.

Дар ихтиёри Сафорат каналҳои алоқаҳои кушода ва пушида мебошанд, ки аз тариқи онҳо бо Вазорати корҳои хориҷӣ таммос гирифта мешавад.

Тартиби истифодаи каналҳои алоқа бо санадҳои меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ муайян мегардад.

Вазифаҳои шӯъбаҳо (гурӯҳҳо) ва вазифаҳои хизматии кормандони Сафоратро Сафир дар асоси дастурамалҳои сиғавии Вазорати корҳои хориҷӣ муайян мекунад.

Ҷавобгарӣ барои фаъолиятҳои хоҷагидорӣ ва молиявии Сафорат ба ӯҳдаи Сафир, ҳамчун роҳбари маблағҳо, гузошта мешавад. Ҳамзамон ӯ тибқи санадҳои меъёрӣ ва дастурамалҳои Вазорати корҳои хориҷӣ амал мекунад.

Вазифаи Сафир ва шахсони мансабдори Сафорат, ки бо харҷи воситаҳои пуливу моддӣ робита доранд, таъмини сарфакории шадид мебошад.

  1. Шӯъбаи Сафорат, ки хизматрасонии консулии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ба ҷо меорад, ҳимояи ҳуқуқии шахсони қонунӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, дар ҳудуди он кишвар мебошанд, таъмин менамояд.

Шӯъбаи консулӣ дар фаъолияти худ муқаррароти ҳуқуқи байналмилал, Оинномаи консулӣ, дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал ва супоришҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, амрҳои Сафир ва муқаррароти қонунгузории маҳалиро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

Сардори шӯъбаи консулӣ, дар ҳолати ҷо доштани зарурият ва розигии ҳукуматҳои кишвари иқомат, метавонад, ки расман Консули генералӣ ё Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт номида шавад, агар дар кишвари иқомат дигар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошанд.

  1. Кормандони Сафорат мувазаффанд дар татбиқи вазифаҳои Сафорат Фаъолона ширкат кунанд, вазифаи хизматии худ, супоришу амрҳои роҳбарияти Сафорат ва Вазорати корҳои хориҷиро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоянд.

Кормандони Сафорат ва аъзои хонаводаҳои онҳо бояд доимо ва ҳама ҷо ба анъанаҳои кишвари иқомат арҷ гузоранд ва қонуни қоидаҳои онро қотъеона риоя намоянд.

  1. Тартиби фаъолияти кормандони Сафорат мутобиқи қоидаҳои дохилии меҳнатӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ барои муассисаҳои хориҷии худ таъйин гардидаанд, муайян мегардад.

Кормандони Сафорат барои иҷрои вазофаҳои худ шахсан ҷавобгӯ мебошанд ва метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Баҳсҳои меҳнатӣ байни кормандон ва мудирияти Сафорат тибқи қонунгуззории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Бо назардошти табиат, шароит ва хусисятҳои фаъолияти Сафорат ба ҳайси намояндагии дипломатии хориҷӣ ҳаллу фасли муноқишаҳои алоҳида байни кормандон ва мудирият, бо салоҳдиди мудирият, метавонад тибқи раванде, ки Вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳар ҳолати ҷудогона муқаррар кардааст, сурат бигирад.

Кормандони Сафорат ва аъзои хонаводаи онҳо ҳуқуқ доранд ба созмонҳои ҷамъиятӣ ё иттиҳодияҳои касбӣ, ки дар Сафорат ва Вазорати корҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд ё фаъолият мекунанд, шомил шаванд.

  1. Дар биноҳои хизматии Сафорат ва иқоматгоҳи Сафир ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти вай тибқи қоидаҳои ташрифотии кишвари иқомат ва ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонҳо ё лавҳаҳои расмӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷот дар бораи таалуқият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳрии Тоҷикистон насб карда мешаванд.

Тартиби истифодаи Парчами давлати ва нишонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорат тибқи Низомнома дар бораи парчами давлатӣ ва дастурамали Вазорати корҳои хориҷӣ муқаррар мегардад.

 



Низомнома дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дигар кишвари хориҷӣ аккредитатсия шудааст

(Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №165 аз 23 январи соли 1995 тасдиқ шудааст)

 

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд, Сафир) намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат мебошад. Сафир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Президиуми Маҷлиси Олӣ ба вазифа таъйин ва бозхонда мешавад. Сафир ба вазифа аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ баъди ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва бозхонди Сафир дар расонаҳои чопӣ ба нашр мерасанд.

Сафир муваззаф аст Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ба таври шоиста муаррифӣ кунад ва дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришу дастурамалҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд, Вазорат) мавриди роҳбарӣ қарор диҳад.

  1. Дар фаъолияти Сафир дар кишвари иқомат мусоидат ба роҳандозии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Сафир бояд дар фаъолияти худ алоқаи маҳдуди сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун асос қабул кунад, аз ӯ талаб карда мешавад, миёнарави фаъоли ин сиёсатҳо бошад.

Сафир бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад. Вай муваззаф аст бо гуфтор ва рафтор обрӯи сиёсӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшад. Аз Сафир талаб карда мешавад, то бо рафтори худ бенуқсии симои дипломатро исбот кунад, манфиатҳои давлатро болотар аз ҳама донад, принсипиалӣ, хоксор, ҳушёр ва нисбати дигарон ғамхор бошадСафир бояд бо сатҳи баланди фарҳанг ва донишмандӣ, омодагии касбӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва қобилияти интиқодона баҳогузорӣ кардани амаркардҳои худ фарқ кунад.

  1. Ба ҳайси намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, Сафир роҳбарии умумӣ, ҳамоҳангӣ ва назорати фаъолияти ҳама сохторҳо, гурӯҳҳои мутахассисон, ҳайатҳо, шахсони мансабдор ва дигар шахсони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар кишвари мазкур воқеъ мебошанд, ба ӯҳда дорад.

Роҳбарони ҳама сохторҳо ва ҳайатҳо, намоядаҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат муваззафанд супоришҳои Сафирро бечунучаро иҷро намоянд ва ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои ба ӯ додашуда ҳамагуна кумак ва дастгириро расонанд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ роҳбарони сохторҳо, дигар шахсони мансабдор новобаста аз мансубияти идоравиашон муваззафанд Сафирро аз иттилоот дар бораи сиёсат, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои кишвари иқомат, дигар кишварҳо, масъалаҳои байналмилалӣ ва ҷанбаҳои муҳимтари кори худ хабардор созанд, бо Сафир пешниҳодҳои усулӣ ва амалҳои худро, ки ба самтҳои муҳими сиёсати кишвари иқомат ва масъалаҳои усулии муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт доранд, мувофиқа намоянд. Ҳамаи онҳо, бе истисно, муваззафанд дар бораи вазъ дар коллективҳои худ, ҳар гуна қонунвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки метавонанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари сиёсӣ, маънавӣ ва модӣ расонанд, ба Сафир маълумот диҳанд.

  1. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ робитаҳои расмӣ бароқарор мекунад, фаъолияти худро бо назардошти шароитҳои кишвари иқомат ва риояи одоби сиёӣ ба роҳ мемонад.
  2. Сафир дар назди Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ барои иҷрои бечунучарои дастурҳои ба ӯ додашуда, фаъолияти аз лиҳози сиёсӣ саҳеҳ, муассир ва ташаббускоронаи сохторҳо, ҳайатҳо ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ҷавобгар мебошад.

Сафир шахсан барои воқеӣ, асоснок, дуруст ва пурра будани иттилои ба Вазорати корҳои хориҷӣ фиристодашаванда ҷавобгӯ мебошад. Ягон гуна кӯшиш барои обуранг додан ё ғалат маънидод кардани ҳолати ҳақиқии мавҷуда, хаёлпарастӣ, пинҳон намудани ҳақиқат ба манфиатҳои шахсӣ ё ғурури идоравӣ қобили қабул намебошад. Сафир бояд саривақт ва беғаразона дар бораи ҳама он чӣ, ки метавонад ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар диҳад, аз нигоҳи усулӣ кори намоянадгиҳо дар хориҷаро тадқиқ ва баҳогузорӣ кунад. Маълумоти аз ҷониби вай фиристодашаванда бояд, ки пурмуҳтаво ва аз рӯи ҳаҷм кӯтоҳ бошад.

  1. Сафир фаъолияти худро зери раҳбатии Вазорати корҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад. Вай мунтазам дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи иҷрои дастурҳои ба вай додашуда ва дигар супоришҳо, аз ҷумла дар шакли ҳисоботи шахсии солона ба Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳисобот медиҳад.
  2. Сафир муваззаф аст:

а) ҷиҳати роҳандозии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона кор барад, ба таҳкими бемайлони мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ ноил гардад, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои кишвари ҳуд, шаҳрвандон ва сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикитонро ҳимоя кунад ва дар иҷрои ин вазифаҳо ба муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шомил аст, такя намояд;

б) масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалиро бодиққат омӯзад, дар коркард ва дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ гузоштани масъалаҳои доираҳои васеи сиёсӣ ташаббус нишон диҳад ва дар ин раванд масъалаҳои байналимилалӣ, минтақавӣ ва дуҷонибаро дар доираи вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирад;

в) самаранокии баланди муносибатҳоро бо кишвари иқомат дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ҳоказо таъмин намояд;

г) сиёсати кишвари иқоматро, ба хусус барои оянда, бо дарназардошти манфиатҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ ва дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбинона баҳогузорӣ намояд, барои беҳбуд бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, рушди алоқаҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи табодулот дар бахши фарҳанг ва дигар соҳаҳо кор барад;

д) ҷиҳати рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари иқомат ба мақсади тавсеа ва амиқтар сохтани муносибатҳои мутақобилан судманд дар ҳама соҳаҳо, чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба, фаъолона ва устуворона кор барад, сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии он кишварро омӯзад ва муназзам ба Вазорати корҳои хориҷӣ маълумотҳоро роҷеъ ба ин самтҳо бо баҳогузории худ ва пешниҳодҳо ҷиҳати ҳалли вазифаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодӣ дар он кишвар ирсол намояд, ба таври доимӣ дар бораи мавқеи кишвари иқомат оид ба масъалаҳои умумии байналмилалӣ хабар диҳад, бо роҳбарият ва ҷомеа бо эҳтиром гузоштан ба урфу одатҳо, хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳоказо, муносибатҳо барқарор кунад;

е) ҳолат ва равандҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техниқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари иқомат, ҳолати иқтисодӣ ва мавқеи он кишвар дар масъалаҳои муносибатҳои байналимилалии иқтисодиро ҳамаҷониба мавриди тадқиқ қарор диҳад, ба мақсади суръат бахшидан ба тарақиёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ самаранокии ҳамаҷонибаи робитаҳои тиҷорат ва иқтисоди хориҷиро баланд бардорад;

ж) масъалаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои ҷанбаи иҷтимоидоштаро амиқ омӯзад, дар бораи падидаҳои мусбат ва манфии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар кишвари иқомат мунтазам иттилоъ диҳад;

з) ба беғаразона инъикос ёфтани сиёсати хориҷиву дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ноил шавад;

и) бо ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ, фарҳангӣ, диннӣ ва дигарҳои кишвари иқомат, коркунони васоити ахбори омма, аъзои корпуси дипломатӣ робитаҳои шахсиро барқарор ва мустаҳкам намояд, барои таъмини манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста ва фаъолона фаҳмонда додани сиёсати ҷумҳурӣ ва таъсиррасонӣ ба афкори умум ва сиёсати хориҷии кишвари иқомат аз ин робитаҳо истифода барад;

к) ба таври муназзам раванди татбиқи қарордод ва созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кившари иқоматро мавриди санҷиш қарор диҳад, ба хусус он ӯҳдадориҳое, ки ҷонибҳо ба души худ гирифтаанд, доимо дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар диҳад ва дар ҳолати зарурӣ пешниҳодҳои дахлдорро ироа диҳад;

л) қонунгузории кишвари иқоматро донад ва дар фаъолияти худ ба инобат гирад, ба таври даврӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ маълумотро дар бораи қонунҳои муҳими ҷорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии нав дар он кишвар, пеш аз ҳама онҳое, ки ба муносибатҳои дуҷонибаи он кишвар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои муҳими байналмилалӣ рабт доранд, фиристонад;

м) фаъолияти муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқоматро роҳбарӣ кунад, нисбати онҳо шахасан аҳамият диҳад ва серталаб бошад; аз онҳо таъмини самараноки ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, расонидани ёриҳои ҳуқуқӣ, методикӣ ва маънавӣ, аз фишор ва табъиз ҳимоя карданро талаб намояд; ба ҳамватанон дар таҳкими робитаҳо бо Ватан мусоидат намояд ва ҳангоми иҷрои ин кор тартиботи дар кишвари иқоматро риоя намуда, ба онҳо эҳтиром гузорад

н) ҷиҳати дар кишвари иқомат тибқи муқаррароти қабулгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин гардидани Сафорат бо имтиёз ва масуниятҳо чораҳои зарурӣ андешад;

о) ҷиҳати таъмини бехатарии Сафорат, дигар сохторҳо, кормандони онҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари хизматӣ дар кишвари иқомат қарор доранд; нигаҳ доштани ҳучёрии баланд; риояи интизоми қавӣ; нигаҳдории сирри давлалӣ ва хизматӣ; омодабош барои сафарбар гардидан дар ҳолатҳои фавқулодда чорҷӯӣ кунад;

п) фазои маънавӣ-психологӣ ва сиёсӣ, коргузорӣ ва ҳамёрӣ дар коллективи Сафоратро таъмин кунад;

Сафир кори намояндагони хадамоти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ҳамоҳанг мекунад, онҳоро оид ба вазъи сиёсӣ дар ин кишвар ва иқдомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунад.

Сафир фаъолияти намондагии иқтисоди хориҷӣ ва ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ҳамоҳанг месозад. Намояндагони Вазорати робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту идораҳо ва ширкатҳо зери роҳбарии Сафир фаъолият карда, мунтазам аз мавзӯъҳои асосии вазъи иқтисодии кишвар, вазъи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, илмию техникӣ, алоқаҳои фарҳангӣ, иҷрои ӯҳдадориҳо мутобиқи созишномаву шартномаҳои амалкунанда муносибатҳои дуҷониба Сафирро хабардор месозанд.

8.Сафир ҳуқуқ дорад:

а) бо супориши сохторҳои олии ҳукумати давлатӣ ва идории Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот анҷом диҳад ва созишномаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба бо кишвари иқомат, ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюмро, аз ҷумла давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор накардаанд, имзо намояд; ҳамчунин дар чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, санадҳои ниҳоии онҳоро ба имзо расонад;

а) дар ҳолати зарурӣ метавонад нақшаҳои тасдиқшудаи солонаи молиявии Сафоратро (ба истиснои тақсимоти молиявӣ барои музди кормандон, маблағгузорӣ ба сохтмон ва хароҷоти намояндагӣ) аз нав баррасӣ намояд ва саривақт аз мавзӯъ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараён гузорад;

в) дар ҳолати зарурӣ дар робита ба таъмини модии кормандони намояндагии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кафолати сатҳи муносиби зиндагии кормандон бо дарназардошти шароити кишвари иқомат, пешниҳодҳои мушаххас пешкаш намояд.

г) ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани рутба ва вазифаи кормандони оперативӣ-дипломатии Сафорат, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонӣ и сарфарозгардонии ташаббусҳои онҳо дар иҷрои супоришҳои бузурги сиёсӣ ва тамдиди мӯҳлати кори онҳо дар хориҷа пешниҳод манзур намояд;

д) дар ҳолатҳои фаврӣ, дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, кормандони Сафорат ва дигар намояндагиҳои Тоҷикистон, ҳамчунин аъзои ҳайатҳо ва ашхоси мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар кишвари иқомат қарор доранд, ба Ватан баргардонад;

е) дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафарҳои кӯтоҳмуддати кормандони намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ва аъзои оилаи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар кишварҳо иҷозат диҳад;

Сафир бояд роҳбари сазовори коллектив бошад, ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки аз сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва маънавии ӯ на танҳо бурдории намояндагии хориҷӣ, балки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат вобастагӣ дорад.