Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 24 августи соли 1992, қариб баъд аз як соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шудаанд.

Дар моҳи майи соли 1994 Намояндагии дипломатии Ҳиндустон дар ш.Душанбе ифтитоҳ шуда, Тоҷикистон бошад моҳи июни соли 2003 Сафорати худро дар ш. Деҳлии Нав таъсис додааст.

То кунун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш маротиба ба Ҳиндустон ташриф овардааст, ки аз онҳо сетояш сафари расмӣ (1993, 1995, 2001) ва сеи дигар давлатӣ (2006, 2012, 2016) мебошанд.

Соли 2003 сафари расмии Сарвазир Атал Биҳари Ваҷпаӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. 2009 бошад, сафари расмии Президент Пратибҳа Девисинх Патил, 2013 – сафари расмии Ноиби Президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаанд. Охирин сафар дар сатҳи олӣ сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди 13-14 июли соли 2015 ба Душанбе мебошад.

Яке аз боздидҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон сафарҳои мутақобилаи Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба ҳисоб мераванд. Аввалин сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон С. Кришна ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2012 ва сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов ба Ҳиндустон моҳи майи соли 2015 анҷом ёфтанд. Охирин сафари Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Душанбе моҳи сентябри соли 2014 барои иштирок дар Саммити навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт, ки дар чаҳорчӯби ин сафар вазири Ҳинд аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пазируфта шуд. Тамоми ашхосони баландмақоми Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон (дар сатҳи вазир ва муовинон) дар рафти сафари расмӣ ё корӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Президент Э.Раҳмон пазируфта шудаанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз 60 ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравӣ иборат аст, ки аз онҳо 9 эъломияи сиёсӣ, 19 созишнома, 2 шартнома, 9 протокол, 5 барномаи ҳамкорӣ ва 21 ёддошти тафоҳум мебошанд.

Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли 2016 26,22 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин беш аз 40% коҳиш ёфтааст. Тавозуни савдо ба манфиати Ҳиндустон буда, содирот ба Тоҷикистон 14,54 млн.долл. ИМА-ро ташкил медиҳад. Асосан ба Тоҷикистон маҳсулотҳои доруворӣ, гӯшти гов, чой ва қаҳва, либос ва матоъ ворид мешаванд. Аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳои минералӣ содир мегарданд.

Комиссияи муштарак (байниҳукуматӣ) байни ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таҳти роҳбарии Вазоратҳои иқтисод ва савдо фаъолият дорад ва ҷалассаҳои он дар ҳар ду сол як маротиба баргузор мегарданд. Дар доираи Комиссияи мазкур масъалаҳои мавҷуда дар сохторҳои гуногуни ҳамкориҳо аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат, илм, фарҳанг ва ҳамчунин муайян намудани рушди ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ мегарданд. Охирин ҷалассаи Комиссияи мазкур 13-14 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҳамчунин байни идораҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Ин машваратҳо ҳар сол гузаронида мешаванд. Охирин ҷаласа моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳайати Ҳиндустонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон хонум Суҷатҳа Метҳа роҳбарӣ намуд. Ҷонибҳо дар мулоқот доираи васеи масъалаҳоро баррасӣ намуданд, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон дар моҳи декабри 2016, мавзӯъҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, амнияти минтақавӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, илму фарҳанг, консулӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ.

Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм байни ду кишвар фаъолият дошта, мисли як майдоне мебошад, ки барои табодули назар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм хизмат мекунад. Дар асл, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм аз охири соли 1990 сарчашма мегирад. Дар ин самт аз соли 2002 робитаҳо байни ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд, махсусан дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкориҳои ҳарбӣ.

Ҳиндустон дар ҷараёни таҷдид ва барқарорсозии фурудгоҳи Айнӣ, ки ба пойтахти кишвар наздик аст, ҳамкорӣ дорад ва айни замон барқарорсозии он қариб ба анҷом расид. Дар соҳаи ҳарбӣ лоиҳаи сохтмони беморхонаи дӯстӣ, ки дар ноҳияи Хуросон (ҷануб) ҷойгир аст, ба анҷом расида, аз ҷониби Президенти кишвар дар моҳи октябри соли 2014 ифтитоҳ шуд. Беморхонаи мазкур натанҳо барои низомиён, балки барои аҳолии маҳаллӣ низ хизмат мекунад. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳиндустон ба Тоҷикистон чархбол низ тақдим шудааст.

Ҳиндустон барои низомиёни тоҷик бурсияҳои ройгон барои таҳсил ҷудо менамояд. Низомиён ва сарбозони ҷавони тоҷик дар курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар Академияи миллии мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустон (ш. Пуне), Академияи ҳарбии Ҳиндустон (ш. Деҳрадун) ва дигар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд. Аввалин гурӯҳи донишгирандагони ҳарбии тоҷик моҳи июни соли 2007 Академияи миллии мудофиа ва Академияи ҳарбии Ҳиндустонро хатм намуда, ба Тоҷикистон бар гаштанд.

Ҳамчунин самти дигари ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар низ вуҷуд дорад, ки он ҳамкориҳо байни пажӯҳишгарон ва олимони Ҳиндустону Тоҷикистон дар масъалаҳои мухталиф алахусус дар соҳаи амнияти минтақавӣ мебошанд. Ҳамасола якчанд мулоқотҳо ва конфронсҳо дар ин самт баргузор мегарданд.

Ҳукумати Ҳиндустон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ якчанд лоиҳаҳоро дар амал татбиқ намудааст, аз ҷумла корхонаи коркарди мева (дар атрофи Душанбе), таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Варзоб-1, таъмири лабораторияи техникӣ дар назди Донишкадаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иттилоот ва технология дар шаҳри Душанбе ва ғайра.

Яке аз беҳтарин намунаи лоиҳаи сармоягузории Ҳиндустон дар Тоҷикистон сохтмони меҳмонхонаи 5-ситораи “Шератон” мебошад, ки он аз ҷониби Ширкати “CHL Hotel Group of India’s investment” татбиқ шудааст. Меҳмонхонаи мазкур дар остонаи таҷлили Рузи истиқлолияти миллӣ бо тантана ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 дар ш. Душанбе ифтитоҳ ёфтааст.

Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ҳиндустон яке аз бахши муҳими иқтисодӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон барои истеҳсоли меваи хушк, парвариши сабзавоту мева, пахта ва ғалладона дар ҷаҳон ҷои намоёнро мегирад. Дар ин самт истифодаи технологияи инноватсионӣ ва таҷрибаи бойи корхонаҳои Ҳиндустон барои парвариши пахта дар Тоҷикистон метавонад ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар тақвият бахшанд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва барномаҳои таълимӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи муносибатҳои дуҷониба меистанд. Бояд тазаккур дод, ки Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ дар рафти сафари расмии худ ба Душанбе дар соли 2013 оид ба муҷаҳҳаз гардонидани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо суперкомпютер, ки яке аз донишгоҳҳои муосири кишвар дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ ба шумор меравад, баён намуд.

Тибқи барномаи омӯзишии “ITEC” ҳамасола барои донишҷӯёни тоҷик 150 адад бурсияҳои таҳсилотӣ ҷудо мегардад, ки дар муқоиса бо кишварҳои минтақа ягона мебошад.

Муносибатҳои фарҳангӣ байни ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дошта, чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки дастаҳои ҳунармандони ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Бо вуҷуди ин, барои густариш ва тақвият бахшидани ин соҳа имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд. Алалхусус вусъат додани муносибатҳои фарҳангӣ бо Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ (ICCR). Бояд қайд кард, ки ICCR дар мубодилаи чорабиниҳои фарҳангӣ байни ду кишвар ва ҳамчунин сафарҳои дастаи ҳунаррмандони тоҷикро барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии Ҳиндустон аз ҷиҳати молиявӣ таъмин мекунад.

Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб ҷой дошта, мероси бойро байни ду кишвар гузоштааст. Аксарияти мусулмонони Ҳиндустон махсусан аз минтақаи Кашмир ба зиёрати мақбараи ӯ ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Сафорат дар соли 2015 ба муносибати 700‐солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду Семинари илмӣ‐фарҳангӣ дар шаҳри Деҳлии Нав ва музофоти Кашмир бо даъвати олами илму адаби кишвари иқомат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Ҳиндустон баргузор намуд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон оромгоҳи шоири бузурги асри XVIII Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар Ҳиндустон ҷойгир шудааст, таҷдид карда шуд. Бояд гуфт, ки Мирзо Абдулқодири Бедил мероси пурарзиши илмию адабӣ боқӣ монда, дар давоми садсолаҳо барои дӯстӣ байни мардуми тоҷику ҳинд ва халқҳои минтақа саҳми бузурге гузоштааст.

Тоҷикистон Ҳиндустонро на танҳо чун кишвари бародар бо фарҳангу таърихи умумии қадима, балки ҳамчун шарики асосии стратегии миллат дар минтақа, ки дорои захираҳои бойи табиӣ ва инсонӣ мебошад, мешуморад. Дар масъалаҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ ҳар ду кишвар ҳадафу назари муштарак дошта, Ҳиндустон ҳамеша ташаббусҳои Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ менамояд ва Тоҷикистон низ дар асоси услуби мутақобила Ҳиндустонро дастгирӣ менамояд.

(Азнавшуда: 03 январи 2017)