Раводидҳо ба навъҳои зерин тақсим шуда, вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ дода мешаванд:

1) дипломатӣ (Д) – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони мақомоти сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки статуси дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нозироне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаи шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд.

2) хизматӣ (Х) – ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду, шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

3) сармоягузорӣ (С) – ба роҳбарони ширкату корхонаҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, ки бо мақсади корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд ва онҳое, ки ба таври воқеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Тоҷикистон иштирок менамоянд, намояндагони зинаи роҳбарикунандаи ширкату корхонаҳои бузург, ки дар бозори Тоҷикистон кор мекунанд ё нақшаи реалии рушди лоиҳаҳои сармоягузориро доранд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

4) корӣ (К) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои корӣ (иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, бастани қарордодҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори тоҷик, иштирок дар музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ вағ.) ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд;

5) меҳнатӣ (М) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнат, аз он ҷумла, дар асоси шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ташриф оварданианд ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

6) туристӣ (Т), аз ҷумла гурӯҳӣ – ба шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист ташриф меоранд ё ба гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади туристӣ бо ташкили гурӯҳ (на камтар аз 5 нафар ва на зиёда аз 50 нафар) ташриф меоранд.

7) таҳсилии академӣ (О-1) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда;

8) таҳсилӣ (О-2) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил, таҷрибаомӯзии таҳсилӣ, коромӯзӣ, бо мақсади дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ, курсҳои муваққатӣ оид ба омӯзиши забон ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

9) хусусӣ (ХС) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба меҳмонии хешовандону шиносон, истироҳат, муолиҷа ва дигар мақсадҳои характери шахсӣ дошта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

10) минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – сармоягузорҳо, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро ба амал мебароранд;

11) нақлиётӣ (Н) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боркашонии байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд;

12) барои истиқомати доимӣ (ИД) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ;

13) экипажи киштии ҳавоӣ (Л) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – ҳавонавардон, штурманҳо, пешхизматони киштии ҳавоӣ, муҳандисҳо ва дигар аъзои экипажи киштии ҳавоӣ;

14) воситаҳои ахбори омма (Ж) – ба шаҳрвандони хориҷӣ – мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда;

15) ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ХШ) – ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ҳамсари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин ба фарзандони онҳо аз никоҳи якҷоя ва пештара, писархонддухтархондшудагони шахсони номбурда;

16) варзишгарон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ (ВХ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, машқҳои амалӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва тайёрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд ва ё шудаанд;

17) табширӣ (ТД) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҳисоби кормандони ташкилотҳои динӣ, ки фаъолияти хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда истодаанд ё карданианд;

18) башардӯстона (Б) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданианд;

19) тиҷоратӣ (ТИ) – ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ машғуланд;

Таҳти маҳфуми аъзои оила тибқи Қоидаҳои мазкур фаҳмида мешаванд: ҳамсар, фарзандон, писархондшудагондухтархондшудагони шаҳрванди хориҷӣ.