Ислоҳоти иқтисодӣ. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба таври мунтазам ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои институтсионалию сохторӣ гузаронида мешаванд, ки ин барои такмили низоми бонкӣ ва молиявии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва ҳадафнок арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли 20 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.

Аз соли 1997, яъне пас аз пойдор гардидани сулҳ дар кишвар иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ овард. Ҳатто дар соли 2009, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бӯҳрони азими иқтисодиву молиявӣ ба авҷи худ расида, дар иқтисодиёти ҷаҳон коҳишёбӣ мушоҳида карда мешуд, ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки таъсири ин бӯҳронро ба иқтисодиёт кам намуда, тамоюли мусбати рушди иқтисодиётро нигоҳ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибаҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳанӯз дар ибтидои асри XXI – соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Президент дар радифи 191 кишвари ҷаҳон Эъломияи Ҳазорсоларо ба имзо расонид. Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳоеро, ки баёнгари ӯҳдадориҳо барои таъмини густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб мегарданд, ба роҳ андохт.

Соли 2010 аз оғози Эъломияи Ҳазорсола 10 сол сипарӣ гардид ва ба ин муносибат бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши байналмилалӣ оид ба дастовардҳои кишварҳои аъзо доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки моҳи сентябри соли 2010 дар Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, бевосита иштирок намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Президенти кишвар дар ин ҳамоиш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба масъалаҳои рушди устувор, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти дорои хусусияти дарозмуддат, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи об таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва якчанд стратегияву барномаҳои миёнамӯҳлат, ки дар комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб мегарданд, таҳия ва қабул гардида, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад.

Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 % соли 2003 то 46,7 % дар соли 2009 коҳиш ёбад.

Раванди ислоҳот дар ҳамаи бахшҳои таркибии иқтисодиёти кишвар ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар заминаи таъмини ҳамкориҳои босамар бо шарикони рушд таҳти назорати бевосита ва пайвастаи Роҳбари давлат қарор дорад. Бо ин мақсад Президенти кишвар Шӯрои миллии рушдро таъсис дод, ки он таъмини ҳамаҷониба ва ҳадафмандонаи Стратегияи миллии рушд ва стратегияҳои миёнамӯҳлатро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо ҷалби сармоягузории мустақим ва саҳми шарикони рушд ба ӯҳда дорад.

Дар ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои стратегии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва марҳалаи дуюми Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 амалӣ мегарданд. Ҳадаф ва зарурияти қабули барномаҳои мазкур ба таври устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд тавассути рушди иқтисодӣ, табдил додани Тоҷикистон ба давлати демократии рушдёфта, ки дар он ҳамаи табақаҳои ҷамъият аз дастовардҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истифода мебаранд, равона карда шудааст. Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде паси сар гардид ва имрӯз Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки дар он иқтисоди муосири бозаргонӣ ташаккул ёфта, ба татбиқи нақшаҳои азими рушди устувор заминаи воқеӣ гузошта шудааст.

Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба мӯътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 2,6 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 % -ро ташкил медиҳад. Чунин рушди иқтисодӣ ба туфайли таъмини афзоиши бемайлони фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар кишвар ба даст омадааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли 1997 то имрӯз 2,5 баробар, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 2,8 баробар, ҳаҷми боркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт 1,7 баробар, мусофиркашонӣ 4,3 баробар, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2 баробар ва хизматрасонии нақдӣ ба аҳолӣ 7,8 баробар афзудааст ва ҳаҷми буҷети давлатӣ 75 баробар, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 36,3 ва даромадҳои пулии аҳолӣ 38 баробар афзоиш ёфтанд.

Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда, зиёда аз 80 барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки онҳо бевосита ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд.

Дар раванди татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ талош меварзад.

Дар ин ҷода робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва Барномаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар самти баррасии масоили вазъияти амнияти озуқаворӣ дар мавриди мавҷудият, дастрасӣ ва истеъмоли озуқа дар кишвар, ҳамчунин оид ба татбиқи чорабиниҳои Барнома ҷиҳати ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва ҳамоҳанг сохтани барномаҳои муштарак барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати таъсиси шабакаи намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳое, ки аз нигоҳи бозорҳои афзалиятноки фурӯши молҳои ватанӣ мусоиданд, тадбирҳои амалӣ андешида шуданд ва имрӯз дар 23 кишвари хориҷӣ намояндагиҳои тиҷоратӣ арзи вуҷуд доранд.

Бо дарназардошти зарурияти ҷалби сармоягузорӣ ва омӯзиши талаботи бозорҳои беруна ба молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар беш аз даҳ давлат ва минтақаҳои алоҳидаи давлатҳои хориҷӣ намояндагиҳои тиҷоратии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар соли 2010 барои беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ як қатор чораҳо андешида шуданд. Дар натиҷа тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат” Тоҷикистон ду сол паи ҳам ба радифи даҳ давлати ислоҳотгар шомил гардид. Соли 2010 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 зина боло рафт. Ҳоло дар мамлакат ба хотири танзим ва мувофиқаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати таъмини босамар ва шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ як қатор чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти муҳими ҷашнӣ, аз ҷумла сохтмони хати интиқоли барқии 500 – КВт «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи 500 – КВт «Душанбе», сохтмони нақби «Озодӣ», сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», «Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Кулма-Қароқурум», таҷдиди роҳи автомобилгарди «Дӯстӣ-Панҷи поён» (марҳалаҳои 1 ва 2) ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид, ки метавон танҳо чанде аз онҳоро номбар кард:

– гузаштани кишвар ба иқтисоди бозорӣ, ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ;

– барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ;

– сохтмони роҳҳои оҳан ва шоҳроҳҳои автомобилгард. Дар даврони истиқлолият барои наздик шудани роҳҳои автомобилгард дар самтҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Норак-Кӯлоб нақбҳо канда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин самт кандани нақбҳои дигар низ идома дорад. Дар оянда сохтмони роҳ байни се давлати форсизабон Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон дар назар аст;

– сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла сохтмон ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1» ва идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Сангтӯда-2», «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург. Дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар маҷмӯъ 235 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 2500 кВт сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

– барои таъмини амнияти озуқавории кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, барномаҳои соҳавӣ, ки онҳо бевосита ба зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, инчунин барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамоянд, қабул гардиданд. Бояд зикр кард, ки барои амалӣ гардидани ин барномаҳо ҳамасола аз буҷети давлат маблағҳои зиёд пешбинӣ карда мешаванд.

– бунёди корхонаҳои хурду калони саноатӣ, кишоварзӣ, мактабҳо, муассисаҳои маданиву маишӣ, қасрҳои фарҳанг, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои табобативу фароғатӣ ва ғайра.

 

Маълумот дар бораи вазъи феълии иқтисоди Тоҷикистон ва нишондодҳои иқтисодӣ.

Саҳифаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи Бонки милии Тоҷикистон