Нишасти интерактивӣ «Тиҷорат бо Тоҷикистон»

13 июли соли 2016 дар Деҳлии Нав бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Деҳлии Нав ва Палатаи савдо ва саноати PHD (Ҷумҳурии Ҳиндустон)  нишасти интеракативӣ бо соҳибкорони Ҳиндустонро дар мавзӯи «Тиҷорат бо Тоҷикистон»  баргузор гардид.

Ба ин нишаст Раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии палата ҷаноби Четан Каҷария бо суханҳои ифтитоҳӣ ва маълумоти мухтасар  оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳозиринро бо зарфият ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни доираҳои соҳибкории ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф шинос  намуд.

Дар нишаст беш аз 60 узви Палатаи мазкур – намояндагони ширкатҳои бонуфузи соҳаҳои мухталиф аз гӯшаву канори Ҳиндустон – ҳузур доштанд, ки  дар давоми якуним соат бо Сафир ва масъулини Сафорати  Тоҷикистон роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ мулоқоти интерактивӣ (суолу ҷавоб) намуданд ва ба суолҳои худ посух пайдо намуданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи нишаст мулоқоти Сафир бо раҳбарияти Палатаи саноат ва савдои PHD баргузор гардид. Нишаст дар фазои дӯстона ва  ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

_DSC0268 _DSC0277  _DSC0260 _DSC0259_DSC0303 _DSC0252_DSC0320

Copyright © 2018 Embassy.