12 МЕДАЛИ ТИЛЛОИ МАКТАББАЧАҲОИ ТОҶИК

Аз 20 то 26-уми майи 2018 дар Донишгоҳи Амитии ш.Ноидаи Ҳиндустон 7-мин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Дар Олимпиада толибилмон аз 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озорбойҷон, Америка, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Непал, Малдова, Руминия  Индонезия ва ҳоказо иштирок намуданд.

Бори дуввум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок мекунад.  Дастаи миллии Тоҷикистон бо 27 мактаббача иштирок намуда, ҳамаи онҳо соҳиби медал гаштанд. Аз рӯи шумораи медалҳои тилло мактаббачаҳои тоҷик дар байни 15 кишвари дунё ҷои аввалро ишғол намуданд.

Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки санаи 26 май  баргузор гардид, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд.

Copyright © 2018 Embassy.