Мулоқоти Сафир М.Ҷалолов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон

1 марти соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷалолов бо Муовини  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Ручи Ганашям (Ruchi Ghanashyam)  баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди манфиати ҳамдигарро баррасӣ намуданд.

 

Copyright © 2018 Embassy.