Мулоқоти Сафир бо Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Непал

12 январи соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷалолов бо  Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Шанкер Д.Байраги (Shanker D.Bairagi)  баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди манфиати ҳамдигарро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо зарурати идома ва густариши ҳамкориҳои самарбахши ду кишварро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Copyright © 2018 Embassy.