Супоридани эътимоднома ба Президенти Бангладеш

16 ноябри соли 2017 дар қасри Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш маросими супоридаи эътимодномаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Мирзошарифа Ҷалолов бо қароргоҳаш дар ш. Деҳлии Нав ба Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Абдул Ҳамид баргузор гардид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома, сӯҳбати Президент бо Сафир дар ҳузури ашхоси расмии Ҳукумати Бангладеш баргузор гардид, ки дар рафти он роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кившар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар поёни сӯҳбат Президенти Бангладеш аз сафир хоҳиш кард, то дуруду паёми самимии ӯро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.

Copyright © 2017 Embassy.