Якумин конфронс ва намоишгоҳи байналмилалӣ “Ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ”

Санаи 21-22 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Палатаи Савдо ва саноатии PHD дар Деҳлии Нав якумин конфронс ва намоишгоҳи байналмилалӣ “Ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ” баргузор гардид, ки дар он  конфронс намояндаҳо аз Сафоратҳои кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд.

Дар конфронс мавзӯҳои амнияти озуқаворӣ, туризми дуҷониба байни Ҳиндустон ва ИДМ, бонкдорӣ, молия ва хадамоти тиббӣ баррасӣ шуданд.

Дар конфронс Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо презентатсия баромад намуда, ба таври муфассал иштироккунандагонро  бо сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи туризм ва имкониятҳои сайёҳи дар Тоҷикистон шинос намуд.

Дар конфронс гӯшаҳои намоишӣ аз тарафи Сафоратҳои ИДМ ташкил карда шуд, ки дар қатори онҳо Сафорати Тоҷикистон низ гӯшаи туристӣ ташкил карда ба иштироккукнандагон аксу брошюраҳо ва дигар маълумотҳоро марбут ба туризм пешкаш намуд.

Copyright © 2018 Embassy.