Оид ба ворид кардани ҲНИТ ба Феҳристи ташкилотҳои байналхалқии террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ аз ҷониби СМЗТ СҲШ

Дар робита ба ворид намудани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) изҳор мегардад, ки:

  1. Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. (Ниг.: Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015, http://www.sudioli.tj/tj/).
  2. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, 29 январи соли 2016, дар мувофиқат бо  Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Ҳамин тариқ,  СҲШ, ки 8 кишвари бузурги ҷаҳонро бо қаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дар бар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кард. (Ниг.: https://www.ecrats.org/ru/).
  3. 11-12-уми июли соли ҷорӣ, муовини Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Мукашев Ахат Габбасович дар ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN дар самти фаъолияти Интерпол ва политсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон баромад намуда, изҳор дошт, ки: «Поэтому ключевым приоритетом Региональной антитеррористической структуры является противодействие иностранным боевикам-террористам. В этих целях ведется обмен информацией о деятельности МТО “Исламское государство”, “Джабхат ан-Нусра, “Хизб-ут-Тахрир аль Ислами”, “Исламское движение Восточного Туркестана, “Партия исламского возрождения Таджикистана” и других…» (Аз ин рӯ, афзалияти калидии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ нишон додани муқобилият зидди террористон — ҷангиёни хориҷӣ мебошад. Бо ин мақсад, табодули маълумот оид ба фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ”,  “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” ва ғайра ба роҳ монда шудааст…”. Муроҷиат карда шавад ба маводи ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN оид ба фаъолияти Интерпол ва политсияи ҶИЭ, ш. Теҳрон, 11-12-уми июли соли 2017).
  4. Нисбат ба раиси фирории ТЭТ ҲНИТ М. Кабирӣ аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ аз 18-уми сентябри соли 2015, бо дастрасии моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 187 қисми 1 (ташкили созмони ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ-мазҳабӣ), 313 (исёни мусаллаҳона) ва 247 қисми 3 (қаллобӣ)-и ҚҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Номбурда барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз 21-уми сентябри соли 2015, ба рӯйхати кофтукови байналмилалии INTERPOL/А-7781/9-2015, бо аломати сурх ворид карда шудааст. Дар  рӯйхат, боз чандин нафар роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ шомиланд, ки дар сомонаи расмии Интерпол онҳоро метавон пайдо кард. (Ниг.: https://www.interpol.int/ notice/search/wanted/2015-63685).
Copyright © 2017 Embassy.