6-мин Олимпиадаи байналмилалӣ

Aks bo safirАз 21 то 27- ми майи 2017 дар Донишгоҳи Амитии ш.Ноидаи Ҳиндустон 6-мин Олимпиадаи байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Дар Олимпиада толибилмон зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озорбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Малдова, Руминия  ва  Лаос низ иштирок намуданд.

Бори аввал аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок кард. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1 ш.Душанбе Абдувоҳидов Рустам ва  3 нафар аз Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи Ҳотам П.В.­ – Пиров Вазир, Икромов Умед ва Ҷураев Амир аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор нафари иштироккунандагон чойҳои аввалро ишғол намуда соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки санаи 27 май  баргузор гардид Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Copyright © 2017 Embassy.