Боздид аз KIIT ва KISS

15 марти 2017 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба музофоти Одишаи Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари корӣ анҷом дода, аз Донишкадаи технологияҳои саноатии Калинга (Kalinga Institute of Industrial Technology, KIIT) ва Донишкадаи илмҳои иҷтимоии Калинга (Kalinga Institute of Social Sciences, KISS) дидан кард. Дар чаҳорчӯби сафар, Сафир бо асосгузор ва раиси ин донишкадаҳо доктор Ачюта Саманта,  роҳбарияти донишкадаҳо ва шӯроҳои илмӣ мулоқотҳо анҷом дода, дар назди толибилмон суханронӣ намуд.

Дар баромади худ Сафир, дар баробари дигар мавзӯъҳо, оид ба системаи маориф ва рушди он дар Тоҷикистони пас аз истиқлолият, ташаббусҳои Асогузори сулҳу Ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар оид ба ташвиқ ва дастгирии толибилмон, Соли ҷавонон дар кишвар сухан гуфт.

Донишкадаи KIIT хусусӣ буда, дар он ҳамзамон 27 ҳазор донишҷӯву муҳаққиқон дар 28 факултет аз рӯи беш аз 100 барномаҳои таълими дар риштаҳои муҳандисӣ, тиббӣ, менеҷмент, биотехнология, ҳуқуқшиносӣ ва дигар фанҳои гуманитарӣ фаро гирифта шудаанд. Инфраструктураи донишкада хело пешрафта буда, 23 кампуси асосиро дар масоҳати 25 км кватратӣ дар бар мегирад. Ҳар кампус, ба ғайр аз биноҳои таълимӣ ва лабораторӣ, дар худ китобхонаи тахассусӣ, зали спортӣ, боғча, мағозаву дигар шароитҳои барои ҳаёти илмомӯзону муҳаққиқон лозимро ҷо додааст. Ҳамчунин, донишкада соҳиби стадиони варзишӣ бо ғунҷоиши 35 ҳазор одам, осорхонаи қабилаҳои Одиша, боғи муҷассамаҳо ва галлереяи ҳунарии бузург мебошад.

Донишкадаи илмҳои ҷамиятшиносии Калинга (KISS) бошад, лоиҳаи хайриявии доктор Ачюта Саманта буда, 25 ҳазор донишомӯзи аз 6 то 18 соларо аз оилаҳои камбизоат ва қабилаҳои дурдасти музофоти Одиша ба таҳсили ройгон фаро гирифтааст. Мактаббачаҳо бо сару либос, ҷои хоб, чаҳор вақт хӯроки гарм, хадамот ва муолиҷаи тиббӣ ба тарзи ройгон таъмин мебошанд.

KIIT and KISS, Bhubaneswar

 

Copyright © 2017 Embassy.