Мулоқот дар Вазорати авиатсияи гражданӣ

03 марти 2017 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини аввали авиатсияи граждании Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Раҷив Наян Чоубей (Rajiv Nayan Choubey) мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот атрофи мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, роҳҳои зиёд кардани шумораи парвозҳо миёни пойтахтҳои ду кишвар, ки аз ҷониби роҳбарияти олии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Эъломияи муштарак аз 17 декабри 2016 ба он таъкид гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Copyright © 2017 Embassy.