Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Бедили Деҳлавӣ

Санаи 1 март дар Донишгоҳи Исломии Алигарҳи Ҳиндустон Конфоронси серӯзаи байналмилалии шарқшиносӣ ва эроншиносӣ бахшида ба Бедили Деҳлавӣ ба кори худ оғоз бахшид, ки дар маросими ифтитоҳии он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок ва суханронӣ кард.

Дар суханронии худ Сафир аз маҳбубият ва манзалати Бедил дар ҷомеаи Тоҷикистон сухан гуфта, ба корҳои илмиву тадқиқотии олимони тоҷик ва сиёсати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати таҳқиқ, омӯзиш ва зинда нигоҳ доштани номи ин чеҳраи фарҳехтаи адабиёти форсу тоҷик таъкид намуд.

Дар конфронс ҳамчунин рӯнамоии якчанд китобҳои тозанашр сурат гирифт, ки дар он  қатор китоби профессори кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд  Замира Ғаффорова Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: “Каламот-уш-шуаро” ва “Сафинаи Хушгӯ”, ки  аз ҷониби Институти тадқиқоти забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Алигарҳ ба хатти ниёгон ба нашр расида аст, низ,  муаррифӣ гардид.

 

 

Copyright © 2017 Embassy.