Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паспорти биометрӣ Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон расонида мешавад, ки  сар аз имрӯз барасмиятдарории шиносномаҳои биометрӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон имконпазир мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мӯҳлати шиносномаҳои хориҷиашон сипарӣ шудааст ва ё сипарӣ мешавад, метавонанд ҷиҳати гирифтани шиносномаи биометрӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи биометрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зурур мебошад:

  1. Аризаи шаҳрванд дар бораи гирифтани шиносномаи биометрии хориҷӣ;
  2. Шиносномаи хориҷиӣ (асл);
  3. Нусхаи шиносномаи  дохилӣ  (дар сурати пешниҳоди асли шиноснома,  маълумотҷамъкунӣ ба таври содда сурат мегирад);
  4. Иҷозати иқомат дар Ҷумҳурии Ҳиндустон;
  5. Корти донишҷӯӣ (барои донишҷӯён);

Барои  шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Шаҳодатномаи таваллуд;
  2. Шиносномаҳои падару модар;
  3. Розигии падару модар барои гирифтани шиноснома;
  4. Шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар.

Вобаста ба ҳар як муроҷиат Сафорат метавонад, бинобар зарурати тасдиқи дурустии маълумот ҳуҷҷатҳои  иловагиро талаб намояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба тартиб барасмиятдарории шиноснома шаҳрвандон метавонанд бо Сафорат  тамос гиранд.

 

Copyright © 2017 Embassy.